Хуҷанд: Ҳалокати 2 нафар аз бархӯрди «BMW» ба светофор

spot_imgspot_img

Дата:


Рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Иброҳимови 24-сола ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Нур» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва ба симчӯби чароғаки роҳнамо ва сипас ба дарахти қафои симчӯб бархӯрда, чаппа шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи садама худи ронанда ва мусофири ӯ Одилҷон Юнусови 23-сола, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари автомашинаи мазкур Нуъмон Оқилови 28-сола, сокини ш.Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», – омадааст дар хабари ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 249 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 244 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 110 нафар ҳалок (ҳамин давраи соли 2012 – 117 нафар) ва 252 тан (ҳамин давраи соли 2012 – 251 тан) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 68 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2012 – 70 ҳодиса) бо иштироки кӯдакон рух дода, дар натиҷа 21 нафар кӯдакон ҳалок (соли 2012 – 26 нафар) ва 50 нафарашон (соли 2012 – 52 нафар) ҷароҳат бардоштанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...