Қитъаҳои интихоботиро кормандони милиса посбонӣ мекунанд


Қариб тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар рӯзи интихоботи президенти мамлакат дар реҷаи махсуси адои хизмат фаъолият доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта шудаанд. Тамоми беш аз 3 ҳазор қитъаҳои овоздиҳӣ дар саросари кишвар таҳти ҳифозати кормандони милиса қарор доранд.

Аз 1-уми ноябр тамоми ҳайати шахсии кормандони милисаи ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаронида шуда, реҷаи шабонарӯзии адои хизмат пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот бекор карда мешавад.

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентиро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад. 

spot_imgspot_img

Популярное