Иштироки занони тоҷик дар конфронси байнулмилалии «Занон, ҷаҳон ва амният»

Дар конфронси байнулмилалии дурӯза таҳти унвони «Занон, ҷаҳон ва амният», ки имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад, занони тоҷик оид ба ҳалли низоъҳо табодули таҷриба хоҳанд кард. Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, ин ҳамоиш бори нахуст дар Қазоқистон доир гардида, яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қабули Нақшаи миллии амал оид ба […]

ASIA-Plus


Дар конфронси байнулмилалии дурӯза таҳти унвони «Занон, ҷаҳон ва амният», ки имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад, занони тоҷик оид ба ҳалли низоъҳо табодули таҷриба хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, ин ҳамоиш бори нахуст дар Қазоқистон доир гардида, яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қабули Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои пурсамари қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи «Занон, ҷаҳон ва амният» мебошад.

Конфронс аз ҷониби шуъбаи Сохтори СММ оид ба масоили баробарии гендерӣ ва тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон «СММ – Занон» дар Осиёи Марказӣ, бахши гендерии Котиботи Созмон оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон созмон дода шудааст.

Дар кори ҳамоиш намояндагони ҳукумат, парлумон, созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Афғонистон (кишвари шарик), коршиносони шинохтаи минтақа ва ҳамчунин занони дорои таҷрибаи бевоситаи ҳалли низоъҳо дар Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.