Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, санади мазкур аз ҷониби Бонки миллии ҷумҳурӣ таҳия ва барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон дар соли 2014 пеш аз ҳама ба нигоҳдории нархҳои устувор дар бозори дохилӣ ва рушди бахши бонкӣ нигаронида шудаанд.
«Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ворид намудани тағийроту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2013» ва «Дар бораи бима (суғурта)-и давлатии иҷтимоӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – гуфт М.Султонов.







