Дар шаҳри Генти Белгия шоми санъати тоҷик баргузор шуд

Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 9-уми ноябр дар толори консертии маркази байнифарҳангии “De Centrale” шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия ба ифтихори 22-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории шаҳри Гент шоми санъати тоҷик барпо гардид. Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 9-уми ноябр дар толори консертии маркази байнифарҳангии “De Centrale” шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия ба ифтихори 22-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории шаҳри Гент шоми санъати тоҷик барпо гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия хабар доданд, дар ҳошияи шоми санъат консерт бо иштироки овозхон ва композитори машҳури тоҷик Давлатманд Холов ва намоишгоҳи либосҳои тоҷикии чакан ва сузанӣ баргузор гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, таҳти оҳанги мусиқии “фалак” дар иҷрои Давлатманд Холов дар назди ҳозирин тоҷикдухтарон либоси миллии тоҷикии қадима, анъанавӣ ва пурҷилои чаканро намоиш доданд.   

Гуфта мешавад, дар чорабинии номбурда зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла зиёиён, санъатшиносон, олимони донишгоҳҳои маъруфи аврупоӣ, ҳайати дипломатии муқими Белгия, намояндагони воситаҳои ахбори умуми бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва диаспораи тоҷик ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.