Дастгирии тағийрот ба қонун «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон» дар Маҷлиси миллӣ

Дар иҷлосияи имрӯзаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилон тағйирот ба қонуни ҳанӯз соли 2006 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон»-ро якдилона дастгирӣ намуданд. Мутобиқи тағйирот, президенти Тоҷикистон аз рӯи мақом дорандаи ордени «Ситораи президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал мебошад. Мувофиқи тағийроти дигар, ғолиби ҳар як интихоботи президентии Тоҷикистон аз раиси Суди конститутсионӣ ордени зикршуда, […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи имрӯзаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилон тағйирот ба қонуни ҳанӯз соли 2006 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Мутобиқи тағйирот, президенти Тоҷикистон аз рӯи мақом дорандаи ордени «Ситораи президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал мебошад.

Мувофиқи тағийроти дигар, ғолиби ҳар як интихоботи президентии Тоҷикистон аз раиси Суди конститутсионӣ ордени зикршуда, Нишони президенти Тоҷикистон ва Ливои президенти Тоҷикистонро қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки маросими расмии савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.