Шӯрои сиёсии ҲНИТ интихоботро ғайридемократӣ ва ношаффоф унвон кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз таърихи 13уми ноябри соли равон натиҷаҳои интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки санаи 6-уми ноябр баргузор шуд, баррасӣ намуда, бо баёнияи хеш мавқеъи ҳизбро нисбати омодагӣ, баргузорӣ ва раванди ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ  ба таври мушаххас эълон намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ҷаласаи Шӯрои […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз таърихи 13уми ноябри соли равон натиҷаҳои интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки санаи 6-уми ноябр баргузор шуд, баррасӣ намуда, бо баёнияи хеш мавқеъи ҳизбро нисбати омодагӣ, баргузорӣ ва раванди ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ  ба таври мушаххас эълон намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб қайд шуд, ки пас аз расидан ба сулҳу ваҳдат миллати тоҷик умед дошт, ки бо имзои санадҳои муҳими тақдирсоз ва қабули як идда аз қонунхои лозима, кишвари мо вориди як марҳалаи босуботу оромиши сиёсӣ ва рушди озодиҳову мардумсолории воқеъӣ мегардад.

«Бояд зикр кард, ки то имрӯз ҳеҷ кадоме аз интихоботҳо ба талаботи як интихоботи шаффоф мувофиқ набудаанд ва дар ин маврид борҳо аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳизбҳои сиёсии ватанӣ ба таври ошкор ишора шудааст», – баён мегардад дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҳизб.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки интихоботи президентии имсола низ  бори дигар исбот намуд, ки дар ҳокимияти имрӯза иродаи сиёсии баргузор кардани интихоботҳои озод вуҷуд надорад.

«Тарҳрезии сиёсатҳои нави давлатӣ ва дастурҳои бевосита ба мақомот барои эҷоди монеъаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ дар фаъолияти ҳизбу чеҳраҳои алоҳидаи оппозитсионӣ, бахусус ҲНИТ, сиёҳ кардани чеҳраи дин ва диндорон тавассути барномаҳои махсуси расонаӣ, фишору таъқиб ва ҳабси шахсиятҳои гуногунандеш бо баҳонаҳои бепоя ва сохта, аз ҷониби КМИР муайян намудани шумори аз 5% зиёди имзоҳо, роҳ надодани муҳоҷирони корӣ ба ҷонибдории номзадҳо намунаи ошкори ин амалҳост», – номбар мешавад дар изҳорот.

Дар идома зикр мегардад, ки бинобар ин, Шӯрои Сиёсии ҲНИТ интихоботи гузаштаро ғайридемократӣ, ношаффоф ва бидуни рақобати ҳақиқӣ дониста, рақамҳои эълоншударо дур аз воқеъиятҳо медонад.

«Шӯрои Сиёсии ҲНИТ барои баргардонидани эътимоди ҷомеъа анҷоми корҳои зеринеро аз сӯи ҳукумати нави кишвар лозим мешуморад: ҷалб намудани кадрҳои ҷавонтари технократ, ташкили комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ барои омода кардани консепсияи ислоҳоти конститутсонӣ дар кишвар, омода кардани фазои муносиб барои интихоботи озоду шаффофи парлумонӣ дар 2015, даст  кашидан аз фишору таъқиб нисбати ҳизбҳо ва  шахсиятхои мухолиф, қатъ кардани ҳамаи  паравандаҳо нисбати афроди дигарандеш, даст кашидани президент аз узвияти ҳизби сиёсӣ дар давраи фаъолияташ, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон, қатъ намудани таблиғот алайҳи қишри руҳонияти кишвар ва даст кашидан аз истифодаи иттиҳодияҳои динӣ бо ғаразҳои сиёсӣ ва баргардонидани фазои муколама ва барқарор сохтани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва эҷоди фазои солими рақобат байни андешаҳо ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоъӣ», – тавсия мешавад дар изҳорот.

Дар фарҷом Шӯрои Сиёсии ҲНИТ изҳори итминон мекунад, ки дар сурати роҳандозии иқдомҳои мазкур аз сӯи ҳукумати нав, умеди тамоми қишрҳои ҷомеъа ба ояндаи нек барқарор гашта, дарҳо барои муколама ва ҳамкории созандаи ҳамаи неруҳои сиёсӣ боз мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ