Барқияи табрикии нахуствазири Гурҷистон ба Раҳмон

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили изҳор боварӣ мешавад, ки фаъолияти президенти тозаинтихоби Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими анъанавии муносиботи дӯстонаи Гурҷистон ва Тоҷикистон равона мегардад. Мудири кулли ЮНЕСКО […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили изҳор боварӣ мешавад, ки фаъолияти президенти тозаинтихоби Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими анъанавии муносиботи дӯстонаи Гурҷистон ва Тоҷикистон равона мегардад.

Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар номаи шодбошии худ мегӯяд: «Итминон дорам, ки таҳти раҳбарии хирадмандонаатон Тоҷикистон, чӣ тавре ки ман зимни сафари қаблиам ба Тоҷикистон мушоҳида намудам, пуштибони асили ЮНЕСКО ва фаъолияти он боқӣ хоҳад монд».

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар барқияи худ таъкид менамояд, ки «Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамеша пуштибони пайвастаи рушди динамикии муносибатҳои дӯстии миёни Русияву Тоҷикистон ва ҳамкории муттаҳидонаи дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва ба манфиати кишварҳоямон буд ва хоҳад монд».

Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар умури мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш дар номаи шодбошии худ зикр мекунад, ки ба ҳамкориҳои минбаъда ва роҳандозии имконоти оянда баҳри робитаҳои густурда, аз ҷумла дар ҷодаи таҳкими сулҳ, амният ва пешрафти минтақа хушбин аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ