Амалисозии 23 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 330 млн. $ дар Хатлон

Айни замон дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии беш аз 330 млн. доллари ИМА 23 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад. Сардори Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Саймӯмин Мӯсоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ду лоиҳагӣ дар соҳаи маорифу […]

Сайраҳмон Назриев


Айни замон дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии беш аз 330 млн. доллари ИМА 23 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Саймӯмин Мӯсоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ду лоиҳагӣ дар соҳаи маорифу тандурустӣ, панҷ лоиҳа дар бахши кишоварзӣ, чор лоиҳа дар соҳаи обтаъминкунӣ ва обёрӣ, чор лоиҳа дар бахши энергетика, се лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, як лоиҳа дар соҳаи таъминот бо газ ва як лоиҳа дар хоҷагии коммуналӣ татбиқ карда мешаванд.

«Бо кумаки сармоягузорони маҳаллӣ ба маблағи умумии 84 млн. сомонӣ 280 иншооти истеҳсолӣ ва маишӣ бунёд гардида, дар заминаи ин иншоот 3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд», – иброз дошт Мӯсоев.

Ба қавли ӯ, имсол сармоягузорони Хатлон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ 29 лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод намудаанд, ки 6-тои он маъқул ва дар ҳаҷми 2 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд.

«Баҳри дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ҳукумати кишвар 33 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда, соҳибкорон имкон доранд, ки лоиҳаҳои худро пешниҳод ва бо фоизҳои паст қарзҳои имтиёзнок дастрас намоянд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ