Машғулиятҳои ИА барои такмили сатҳи касбии судиҷрочиён

Дар доираи Ташаббуси волоияти қонун барои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) ташкил шуда, бо роҳбарии Фаронса ва Олмон, ки тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Платформаи волоияти қонун – Осиёи Марказӣ” амалӣ мегардад, машғулияти таълимиро оиди баланд бардоштани тахассуси судиҷрочиён, дар санаи 11-15 ноябри соли 2013 дар ш. Душанбе, баргузор менамоянд. Тавре аз намояндагии […]

ASIA-Plus


Дар доираи Ташаббуси волоияти қонун барои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) ташкил шуда, бо роҳбарии Фаронса ва Олмон, ки тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Платформаи волоияти қонун – Осиёи Марказӣ” амалӣ мегардад, машғулияти таълимиро оиди баланд бардоштани тахассуси судиҷрочиён, дар санаи 11-15 ноябри соли 2013 дар ш. Душанбе, баргузор менамоянд.

Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, машғулияти мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлия ва Раёсати ташкили фаъолияти судиҷрочиён дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Мақсади чорабинӣ аз омӯзонидани судиҷрочиёни тамоми манотиқи Тоҷикистон доир ба принсипҳои байналхалқӣ, ки ташкили ихтисоси мазкурро муайян мекунанд, ҷараёни истеҳсолоти ичроия ва инчунин механизмҳои иҷроиши маҷбурӣ нисбати парвандаҳо оиди рӯёнидани нақдӣ ва ғайринақдӣ, дар асоси дастурҳои Комиссияи аврупо оид ба муфиднокии адолати судӣ, иборат мебошад.

Дар қарори Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон гуфта мешавад: “Иҷрои қарорҳои суд дар мӯҳлатҳои лозима бояд қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқ барои баррасии адолатноки судӣ гардад, зеро ҳуқуқи дастрасӣ ба суд ғайривоқеӣ (гумроҳкунанда) мегардид, агар қарори ҳатмии суд бар хилофи яке аз тарафҳо беамал боқӣ монад”.

Машғулияти таълимӣ оиди баланд бардоштани тахассуси иҷрочиёни судӣ барои татбиқ намудани тавсияҳои семинари минтақавӣ оиди “Ташаккули системаи адолати судӣ” (ш.Брюссел, 12-13 ноябри соли 2012) ва инчунин принсипҳое, ки дар Конфронси Сеюми Вазирони адлияи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (ш.Брюссел, 6-7 декабри соли 2012) ҷонибдорӣ шудаанд, ташкил карда мешавад.

«Ташаббуси волоияти қонуни ИА барои Осиёи Марказӣ», ҳамчун ҷузъи муҳими Дурнамои ИА барои ҳамкории нав бо Осиёи Марказӣ буда, бо мақсади мусоидат намудан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи волоияти қонун сохтори минтақавии ҳамаҷонибаро ташкил мекунад. Дар доираи Ташаббуси волоияти қонун лоиҳаи «Платформаи волоияти қонун » нақши механизми ёридиҳандаи рушди муколамаи дурнамо ва пешбарии чораҳои зарурии ислҳоти ҳуқуқиро дар ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ мебозад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ