КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълон кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки санаи 6-уми ноябр доир гардид, ҷамъбаст намуд. Бино ба иттилои расмии КМИР ҶТ, барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Россия ташкил карда […]

ASIA-Plus


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки санаи 6-уми ноябр доир гардид, ҷамъбаст намуд.

Бино ба иттилои расмии КМИР ҶТ, барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд.

Аз шумораи умумии 4 млн. 201 ҳазору 156 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардиданд, 3 млн. 787 ҳазору 703 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Шумораи бюллетенҳои беэътибор ҳисобидашуда дар маҷмӯъ 39 ҳазору 403 адад ё худ 1,04%-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:

– Олимҷон Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143 ҳазору 231 нафар ё 3,82%;

– Толиббек Бухориев, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168 ҳазору 313 нафар ё 4,49%;

– Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, тарафдор 55 ҳазору 516 нафар ё 1,48%;

– Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39 ҳазору 334 нафар ё 1,05%;

– Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, тарафдор 184 ҳазору 653 нафар ё 4,93%;

 – Эмомалӣ Раҳмон – номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3 млн. 157 ҳазору 253 нафар ё 84,23%.

Ҳамин тариқ, мувофиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ