Шахсияти шаҳрвандони тоҷики дар Челябинск қатлшуда муайян гардид

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шуда буданд, муайян намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, инҳо сокинони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Абдуманнон Сангинбоеви 31-сола ва Сайриддин Мутрифови 23-сола мебошанд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шуда буданд, муайян намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, инҳо сокинони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Абдуманнон Сангинбоеви 31-сола ва Сайриддин Мутрифови 23-сола мебошанд.

«Ба гуфтаи консули генералии мо дар Екатеринбург Парвиз Асоев, ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба қазия онҳо бо мақомоти дахлдори минтақа ҳамкорӣ дошта, айни замон ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ду нафар шаҳрвандон – Р.А. ва К.А. боздошт ва масъалаи ба ҳабс гирифтани онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Эгамзод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки куштор бо мақсади ғоратгарӣ сурат гирифтаааст.

«Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои марбутаи дипломатии Маскав ва Екатеринбург супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо роҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Челябинск, узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат Исломиддин Раҷабов ҷиҳати ҳалли масъалаи ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасади фавтидагон тадбирҳои зарурӣ андешанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои  деҳаи Кайгородовои ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябински Русия

ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон

бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захми зарбаву бурида дарёфт шуд. Ин ҳодиса боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ