А.Дубнов: Ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои СҲШ ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи сиёсии рӯзномаи русиягии «Время новостей» Аркадий Дубнов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест. «Кишварҳои боқимондаи созмон аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала ба хубӣ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи сиёсии рӯзномаи русиягии «Время новостей» Аркадий Дубнов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест.




«Кишварҳои боқимондаи созмон аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала ба хубӣ огоҳанд, зеро ин ду кишвар бо ҳам робитаҳои таърихиву фарҳангии муштарак доранд», – гуфт ӯ.



Дар мавриди шарҳи масъалаи баррасии қазияи Осетияи Ҷанубиву Абхазистон дар нишаст коршиноси сиёсӣ чунин изҳори назар намуд, ки «яқинан, сарони кишварҳои узви СҲШ аз тарҳи Медведев-Саркозӣ, ки дар он оид ба эътирофи истиқлоли ин кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, пуштибонӣ хоҳанд намуд». Ба ақидаи А.Дубнов, дар нишасти мазкур ҳеҷ санад ё изҳороте оид ба вазъи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ қабул нахоҳад гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.