Пагоҳ дар нерӯгоҳи «Варзоб-1» корҳои таҷдиду тармим шурӯъ мегарданд

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мурли Деора, вазири нафту гази Ҷумхурии Ҳиндустон ва Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи корҳои таҷдиду тармими Нерӯгоҳи Барқии «Варзоб-1» рӯзи 29-уми августи соли 2008 соати 11.00 иштирок менамоянд. Дар маросими ифтитоҳ инчунин аъзоёни баландпояи ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо ҳамроҳии вазир барои иштирок дар маҷлиси сарони давлатҳои ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омаданд, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бевосита дар таҷдиду тармими ин нерӯгоҳ ширкат меварзанд, аз ҷумла ширкати (BHEL) Bharat Heavy Electrical Limited ва ширкати (NHPC) National Power Corporation ва роҳбарони ширкати «Барқи тоҷик» иштирок менамоянд.




Созишномаи ҳамкорӣ барои таҷдиду тармими неругохи «Варзоб-1» байни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ моҳи августи соли гузашта дар Душанбе ба имзо расида буд ва ҳукумати Ҳиндустон ба маблағи 17 миллион доллари амрикоӣ бурс барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо намудааст.

 

Ин лоиҳа иқтидори истеҳсоли нерӯи барқро 7,3 МВт то ба 9,4 МВт зиёд намуда, мӯҳлати коркарди онро ба 50 соли оянда дароз хоҳад намуд. Нерӯгоҳи

 

«Варзоб-1» шаҳри Душанберо бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин менамояд.



Оғози корҳои таҷдиду тармими ин нерӯгоҳ нишонаи рушди муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустону Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд.



Ёдрасмекунем, ки таърихи ташаккули энергетикаи То


ҷ


икистон аз соли 1936, соли ба баҳрабардор


ӣ


ворид шудани нахустин нер


ӯ


гоҳи барқии обии «Варзоб-1» ба иқтидори 3720 кВт дар


ҷ


умҳур


ӣ


ибтидо гирифта буд. Дар ҳамон сол сохтмони Силсилаи НБО-ҳои «Варзоб-2» ва «Варзоб-3» бо иқтидори умумии беш аз 25000 кВт оғоз ёфт. Фарогирии захираҳои обии дарёи Варзоб дар солҳои 30 ва 40 асри гузашта барои рушди саноат ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳол


ӣ


шароит муҳайё сохт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...