Ифтитоҳи нишасти СҲШ дар Душанбе

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.




Дар оғоз гуфтушунидҳои алоҳида сурат гирифта, сипас мулоқоти васеи сарони кишварҳои узви созмон – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Ӯзбекистон ва кишварҳои нозири созмону меҳмонон – роҳбарони давлатҳои Афғонистону Эрон ва Муғулистон ва ҳайатҳои намояндагони Покистону Ҳиндустон баргузор мешавад.



Дар ҷаласа масоили рушди иқтисод ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир дар қаламрави кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.



Барои инъикоси рафти саммити СҲШ беш аз 700 нафар намояндагони расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи иттилоотии дунё аллакай дар Вазорати корҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...