Талбаков: Самаранокии кори ҳукумати навро вақт нишон медиҳад

– Самаранокии кори ҳукумати нави Тоҷикистонро пас аз гузашти як вақти муайяне, масалан ним ё як сол метавон арёбӣ намуд, – бар ин назар аст муовини аввали раиси ҲКТ, вакили парлумон Исмоил Талбаков. «Ман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ дар барномаи пешазинтихоботиам зикр карда будам, ки дар сурати пирӯзӣ 60%-и ҳайати ҳукуматро нав мекунам ва […]

Аваз Юлдошев


– Самаранокии кори ҳукумати нави Тоҷикистонро пас аз гузашти як вақти муайяне, масалан ним ё як сол метавон арёбӣ намуд, – бар ин назар аст муовини аввали раиси ҲКТ, вакили парлумон Исмоил Талбаков.

«Ман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ дар барномаи пешазинтихоботиам зикр карда будам, ки дар сурати пирӯзӣ 60%-и ҳайати ҳукуматро нав мекунам ва Эмомалӣ Раҳмон низ тақрибан ба ҳамин миқдор ҳайати дастаашро нав кард», – гуфт Талбаков.

Дар робита ба масъалаи аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани ҳайати нави ҳукумат, вакили парлумон зикр кард, ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи чанде аз аъзои ҳукумат ба вакилон вақт зарур аст.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.