Муҳиддин Кабирӣ дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки ба он раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ шомил аст. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин феҳрист дохил гардида буд. Дар гузориши интишоршудаи соли 2013 дар бораи Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки ӯ ба ҳалли мушкилоти […]

ASIA-Plus


Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки ба он раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ шомил аст. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин феҳрист дохил гардида буд.

Дар гузориши интишоршудаи соли 2013 дар бораи Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки ӯ ба ҳалли мушкилоти аслии Тоҷикистон даъват мекунад. Муаллифони гузориш ҳамчунин аз даъвати ӯ бобати афви маҳкумшудагон бар асари ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ кардани  олимпичиёни Лондон аз ҷониби ӯ низ ёдовар шудаанд.

«Ба Кабирӣ муяясар гардид, ки ҳизби пурқувваттарини мухолифинро аз парокандагӣ наҷот дода, тавассути рушд ва шакливазкунии фалсафаи ҳизб шумори аъзои ҳизбро зиёд кунад», – гуфта мешавад дар гузориш.

Миёни сарони кишварҳои собиқи шӯравӣ сарони кишварҳои Ӯзбекистон Ислом Каримов, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Чеченистон Рамазон Қодиров, президенти Тотористон Рустам Минихонов, сарояндаи савту навои динӣ Самӣ Юсуф ва дигарон низ ба рӯйхати мазкур шомил гардидаанд.

Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар мақоми 35-ум қарор дорад.

Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.