Эҳтимоли аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»

Фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз, метавонад халадор шавад. Дар изҳороти расмии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар ин робита изҳор мешавад, ки рӯзи 29-уми ноябр Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар бораи ҳабси суратҳисобҳои ширкат қарор […]


Фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз, метавонад халадор шавад.

Дар изҳороти расмии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар ин робита изҳор мешавад, ки рӯзи 29-уми ноябр Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар бораи ҳабси суратҳисобҳои ширкат қарор қабул намудааст.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки ҳарчанд сабаби асосии қарздории ширкат аз андоз саривақт ва нопурра аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» пардохт нашудани маблағи истифодаи барқи нерӯгоҳ бошад ҳам, Кумитаи андоз қарор кардааст, ки аз ҶСК «Сангтӯда-1» маблағи қарздорӣ дар ҳаҷми ҳудуди 52 млн. сомонӣ маҷбуран рӯёнида шавад.

«Имрӯз, 4-уми декабр аз суратҳисобҳои Ҷамъият рӯёнидани ғайриаксептии воситахои пулӣ ба нафъи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ сурат гирифт», – гуфта мешавад дар изҳороти расмӣ.

Бино ба маълумоти ширкат, ба санаи 1-уми декабри соли 2013 маблағи қарздории ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» зиёда аз 404 млн. сомониро ташкил дода, чун андозбандӣ аз рӯи далели на пардохт, балки таъмин бо маҳсулот сурат мегирад, сатҳи қарздории ширкати энергохолдингӣ, ки дар 11 моҳ ҳамагӣ 58%-ро ташкил дод, зимни ҳисобббаробаркуниҳои пардохти андоз аз ҷониби нерӯгоҳ ба инобат гирифта намешавад.

Гуфта мешавад, айни замон нерӯгоҳ барои таъмини кори иншоот дар муддати 5-7 рӯз захира дорад, вале ба ба охир расидани захираҳо, истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳ ғайриимкон мегардад. «Бор назардошти ҳаҷми қарздории нерӯгоҳ аз андоз ба маблағи ҳудуди 52 млн. сомонӣ ва пардохти ҳармоҳаи қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» дар сатҳи 10 млн. сомонӣ, фаъолияти нерӯгоҳ тақрибан 5-6 моҳ қатъ карда мешавад», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки саҳҳомони русиягӣ ва менеҷменти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» чандин маротиба ба мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи қарздорӣ аз андоз муроҷиат карда, ба сифати яке аз воситаҳо пардохти ин қарз аз ҳисоби пардохти қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик»-ро пешниҳод карданд, «вале мутаассифона, то ҳол ба ин пешниҳод посухе нагирифтаанд».

Директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров мутмаин аст, ки «истифодаи чораҳои маҷбурии ситонидани андоз нисбати нерӯгоҳ ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ширкат зиёни ҷуброннопазир расонида, дар давраи барои Тоҷикистон мушкили мавсими зимистон ба қатъи кори нерӯгоҳ оварда мерасонад».

«Дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳ, интиқоли ҳудуди 7-8 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ низ қатъ гардида, ин дар навбати аввал ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ таъсир хоҳад расонид», – иброз дошт ӯ.

Ғайр аз ин, ба қавли номбурда, қатъи фаъолияти нерӯгоҳ ба он боис мегардад, ки кормандони ҷамъият, ки 95%-ашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ба рухсатиҳои дарозмуҳлати маъмурӣ фиристода мешаванд ва ин албатта ба вазъи иҷтимоии кишвар бетаъсир нахоҳад буд.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.