Саҳми МТБ дар рушди бахши сайёҳии ҷумҳурӣ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) иқтидори соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ арзёбӣ менамояд. Дар чаҳорчӯбаи ибтикори нави МТБ дар Тоҷикистон самтҳои рушди соҳаи сайёҳии кишвар бо таваҷҷӯҳи вижа ба алоқаманд кардани он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд муайян карда хоҳад шуд.   Тавре аз МТБ хабар доданд, ушовири байнулмилалии МТБ доир ба сайёҳӣ […]


Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) иқтидори соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ арзёбӣ менамояд. Дар чаҳорчӯбаи ибтикори нави МТБ дар Тоҷикистон самтҳои рушди соҳаи сайёҳии кишвар бо таваҷҷӯҳи вижа ба алоқаманд кардани он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд муайян карда хоҳад шуд.

 

Тавре аз МТБ хабар доданд, ушовири байнулмилалии МТБ доир ба сайёҳӣ Франсуа Лоран рӯзи 28-уми ноябри соли равон дуввумин боздиди худро аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ибтикори сайёҳии МТБ анҷом дод. Ҷаноби Лоран дар ин бастагӣ аз Тоҷикистон ду боздид ба амал овард, яке аз 14-ум то 27-уми октябри соли равон, ва дигаре аз 23-юм то 27-уми ноябри соли равон сурат гирифт. Дар ин сафарҳо ҷаноби Лоран бо ҳамроҳии машваратчиёни миллии МТБ Сурат Тоймастов ва Таҳмина Каримова аз мавзеъҳои асосии сайёҳии кишвар дар Бадахшону Зарафшон боздид карданд,  бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ вохӯрӣ карданд ва бо вазъ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар ошноӣ пайдо намуданд. Ҳадаф аз ин боздидҳо ва дидорҳо арзёбии ниёзҳои соҳаи сайёҳӣ бо пайванди эҳтимолии он бо ҳунарҳои дастӣ ва омӯзиши имкониятҳои таъсис додани Созмонҳои мудирияти сайёҳӣ (СМС) буд.

Ҷаноби Лорен аз шиносоӣ бо соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чунин таассурот бардоштааст: “Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ иқтидори бузурге дорад. Аз ҷумла, ҳазорон нафарро метавон барои сайёҳат, кӯҳгардӣ, варзишҳои экстрим ва ғайра ба ин кишвар ҷалб кард. Вале барои табдили Тоҷикистон ба як мавзеъи аз нигоҳи сайёҳӣ ҷаззоб корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонид. Феълан, метавонам бигӯям, ки ҳузури кишвар дар интернет ва ироаи хадамоти интернетӣ, ба мисли харидории чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва ҷой банд кардан дар меҳмонхонаҳо беҳбудӣ металабанд. Мутаассифона, феълан барои сафар ба Душанбе ва парвозҳо дар дохили худи кишвар интихоби чандон зиёд нест. Ҳамчунин, тартибу низом дар фурудгоҳ бояд беҳтар карда шавад то тамоси нахусти меҳмонони хориҷӣ боиси озурдахотирии онҳо нагардад. Берун аз шаҳри Душанбе шумо мумкин аст дар масъалаи дастрасӣ ба интернет, пардохт бо корти бонкӣ ва гирифтани пул аз банкоматҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шавед. Дар манотиқи кӯҳистон имкони истиқомат дар меҳмонхонаҳо таҷрибаи хубест, вале шароит, таҷҳизот ва таъмини ғизо дар онҳо беҳбудӣ металабад”. 

Дар асоси натиҷаҳои таҳлил ва баҳогузорӣ муайян карда хоҳад шуд, ки оё барои таъсиси Созмонҳои мудирияти сайёҳӣ (СМС) дар ду минтақаи сайёҳии Тоҷикистон – водии Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) эҳтиёҷ ҳаст ё на. Баҳогузорӣ, ҳамчунин  занҷираи арзишро дар соҳаи сайёҳӣ муайян хоҳад кард, аз ҷумла ниёзҳо барои алоқаманд кардани соҳаи сайёҳӣ (меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ) бо ироагарони дигари хадамот ва маҳсулот, махсусан, маҳсулоти эҷодӣ, ба мисли ҳунарҳои дастӣ.

Дар асоси натиҷаҳои таҳлил ва пас аз машварат ва мувофиқат бо ҷонибҳои дигари дахлдор, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ниёзҳо барои ёрии фаннии марбут ба тиҷорат ва самтҳои бартари соҳаи сайёҳиро муайян хоҳад кард. Баҳогузории соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ба наздикӣ тасдиқшудаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Ин лоиҳа ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорати Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) дар Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба натиҷаҳои арзёбӣ, дар назар аст, ки SECO лоиҳаи наверо ҷиҳати дастгирии соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.