Раҳоии сокини Шӯрообод аз асорати қочоқбарони афғон

Зимни амалиёти имрӯз доиргардидаи марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо хадамоти марзбонии Афғонистон сокини деҳаи Зардолуи ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротов, ки рӯзи 10-уми ноябр аз ҷониби қочоқбарони афғон ба гарав гирифта шуда буд, аз асорат озод карда шуд. Сардори маркази матбуоти Райсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]


Зимни амалиёти имрӯз доиргардидаи марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо хадамоти марзбонии Афғонистон сокини деҳаи Зардолуи ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротов, ки рӯзи 10-уми ноябр аз ҷониби қочоқбарони афғон ба гарав гирифта шуда буд, аз асорат озод карда шуд.

Сардори маркази матбуоти Райсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки М.Баротов аз ҷониби як гурӯҳи нашъаҷаллобони афғон таҳти раҳбарии сокини деҳаи Ғундиёни вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон Ғоиб валади Ғуломрасул, бештар маъруф бо лақаби «Кӯри Ғоиб» ба асорат гирифта шуда буд.

«Қочоқбарони афғон шаҳрванди Тоҷикистонро дар ағбаи кӯҳии душворгузар, дар қаламрави Шӯрообод дар гарав нигоҳ медоштанд», – иброз дошт Раҳматуллоев ва илова намуд, ки амалиёти поксозии қаламрави ноҳияи Шӯрообод аз қочоқбарони афғон идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.