Ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоотро омӯхтанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Кафолатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро баргузор кард. Мақсади чорабинӣ мусоидат ба намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти […]


Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Кафолатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро баргузор кард.

Мақсади чорабинӣ мусоидат ба намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои миллию байнулмилалии дастрасӣ ба иттилоот буд.

Бино ба маълумоти ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» Шоира Давлатова, дар ин давраи омӯзишӣ 25 нафар намояндагони созмонҳои аъзои Эътилоф ва рӯзноманигороне, ки масоили адолати судии ҷиноятӣ ва пешгирии шиканҷаро инъикос мекунанд, инчунин ҳимоятгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.

«Ба ҳайси коршиноси чорабинии омӯзишию амалӣ мушовири калони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гурӯҳи шарикони Претседент» Фотима Якупбаева аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолият кард», – итброз дошт ӯ.

Ба қавли ҳамоҳангсози лоиҳа, дар ҷараёни давраи омӯзишӣ коршиноси байнулмилалӣ ба иштирокдорон тарзу усули муассири дастрас кардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро, ки шарикони қирғизӣ муваффақона ба кор мебаранд, тавзеҳ дод. «Чорабинии мазкур бо мусоидати молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) гузаронида шуд», – афзуд номбурда.


Маълумотнома:

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд. Ташкилот иқтидори таҳлилӣ низ дорад. Ба лоиҳа ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои амалкунандае, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи ВАО ширкат варзида, дорои таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти ВАО мебошанд, ҷалб шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.