Боздиди дипломати олмонӣ аз АНМН

Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров  бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэн баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, директори  Агентӣ Р. Назаров ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ ва Сафорати ҶФО дар ҶТ дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар […]


Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров  бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэн баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, директори  Агентӣ Р. Назаров ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ ва Сафорати ҶФО дар ҶТ дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дода,  оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа ва  дар Тоҷикистон изҳори ақида карда, дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҶТ дар самти мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақл намуд.

Ба иттилои манбаъ, Р.Назаров қайд намуд, ки механизми ҳамкориҳои мавҷудаи ду давлат имконият медиҳанд, ки ба муқобили ситезаҷӯиҳо, ҷиҳати пешгирии хатар ва таҳдидҳои нави мухаддиротӣ муқобилият нишон диҳем.

Зимнан зикр мегардад, ки дар навбати худ ҷаноби Холгер Грэн барои қабули самимӣ миннатдорӣ баён карда, ба ҳамкориҳои муфид ва самарабахши байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вақтҳои охир баҳои баланд дод.

Сафири Олмон қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам густариш ёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.