Хуҷанд: Ҳукми 5 соли зиндон ба ронандаи ду нафарро пахшкарда

Ронандаеро, ки ду нафар роҳгузаронро пахш намудаву аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, суди шаҳри Хуҷанд ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин садама яке аз ҷабрдидагон ҳалок ва дигарӣ ба бемористон мунтақил шуда буд. Аз суди шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки донишҷӯи 21-солаи яке аз мактабҳои олии […]


Ронандаеро, ки ду нафар роҳгузаронро пахш намудаву аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, суди шаҳри Хуҷанд ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин садама яке аз ҷабрдидагон ҳалок ва дигарӣ ба бемористон мунтақил шуда буд.

Аз суди шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки донишҷӯи 21-солаи яке аз мактабҳои олии минтақаи шимоли ҷумҳуриро суд дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст) ва 127, қ. 2 (Дар хатар монондан, ки агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба муддати 5 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кард ва ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт дар муддати 3 соли баъди адои ҷазо низ маҳрум карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 16-уми сентябри соли равон рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерселес-Бенс», донишҷӯи 21-солаи яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд К.Ф. ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд дар кӯчаи ба номи Ленини шаҳри Хуҷанд ду нафар роҳгузаронро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари  ин садама Бахтиёр Тӯрабеков, падари се фарзанд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, раҳгузари дигар Шуҳрат Алимбоеви 21-соларо шоҳидони ҳодиса ба бемористон мунтақил карда, ӯро наҷот доданд.

Гунаҳкори садамаи нақлиёт баъдтар боздошт шуд. Маълум шуд, ки он рӯз ӯ бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ автомашинаро идора мекардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.