Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» 5-уми декабри соли 2013 дар толори Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари барномаҳои ҳуқуқии ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак» иттилоъ дод, лоиҳаи мазкур дар 3 кишвар […]


Бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» 5-уми декабри соли 2013 дар толори Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари барномаҳои ҳуқуқии ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак» иттилоъ дод, лоиҳаи мазкур дар 3 кишвар – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад. «Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) амалӣ мекунанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Раҳмонова, ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона хеле муҳим аст, зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаҳо дар зиндагӣ мегардад.

«Хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур мемонад, ба қайд гирифта намешавад ё мавриди тадқиқот қарор намегирад. Пажӯҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта амалан назар ба тамоми кӯдакони дигар бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд», – 

афзуд роҳбари барномаҳои ҳуқуқии ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак»


.

Ба гуфтаи номбурда, мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гузаронидаанд, нишон додааст, ки паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.

«Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон мебошад. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон муассиса роҳ дода нашавад», – 

иброз дошт Раҳмонова


.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд.


Макони баргузории нишасти хабар


ӣ


:

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷалол Икромӣ 7.


Замони баргузорӣ:


5-уми декабри соли 2013, соати 10:00.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.