Ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳад


Ҳукумати Тоҷикистон ба аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми декабр ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар

изҳороти пахшкардааш

зикр кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз, метавонад халалдор шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, айни замон дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати пардохти як қисмати қарзҳо ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» тадбирҳо андешида мешаванд, то ки нерӯгоҳ қарзҳояшро ба Кумитаи андоз пардохт намояд.

«Фаъолияти нерӯгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ намегардад, мо ба ин роҳ намедиҳем. Мо ба субъекти хоҷагидории «Барқи тоҷик» ҷиҳати ҳалли мушкилот бо маблағ кӯмак мекунем. Дар робита ба Кумитаи андоз бошад, танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки онҳо ба андешидани чунин чораҳо барои андозсупорандагоне, ки саривақт маблаги андозро пардохт намекунанд, ҳуқуқ доранд», – гуфтанд дар вазорат.

Энергетик ва собиқ роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик» Баҳром Сироҷев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид зикр кард, ки дар бораи қатъи фаъолияти нерӯгоҳ набояд сухан равад, вале агар ин амал сурат гирад ҳам, барои низоми энергетикии Тоҷикистон он қадр хатарнок нест, зеро нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳамагӣ ҳудуди 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

«Агар фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» қатъ гардад, лимити истифодаи барқ шадидтар мешавад, вале ман мутмаинам, ки ин амал сурат намегирад. Мушкил сари он аст, ки «Барқи тоҷик» ба онҳо маблаги истифодаи барқро пардохт намекунад ва мутаносибан онҳо низ маблағи андозро супурда наметавонанд. Ин ҷо Кумитаи андозро зарур аст, ки тамоми ҳолатҳоро ба инобат гирифта, ба чунин амалҳо даст назанад», – зикр кард ӯ.

Сироҷев изҳори итминон кард, ки ҳарчанд қатъи фаъолияти нерӯгоҳ аз эҳтимол дур бошад ҳам, лекин агар чунин амал сурат гирад, барои минбаъд такроран ба кор даровардани он ҳеҷ мушкилоти техникие вуҷуд нахоҳад дошт.

Ширкати «Барқи тоҷик» аз шарҳи масъалаи мазкур алҳол худдорӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное