Ҳамоиши намояндагони ҳудуди 80 ширкати саноати сайёҳӣ дар Душанбе


Рӯзи 6-уми декабр дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ намояндагони тақрибан 80 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсии Душанбе ҷамъ меоянд.

Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) гузаронида мешавад, ба иштироккунандагон иттилоот ҷиҳати пешравиҳои муҳокимарониҳои ислоҳоти соҳа, ки феълан байни ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад, пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) хабар доданд, сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолияташон дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодул менамоянд ва бахусус таъкид ба он хоҳанд кард, ки чӣ тавр рӯҳияи соҳибкорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор аст.

Бар замми мубодила намудани иттилооти таҷдидшуда дар соҳаи сайёҳӣ, дар баҳсу баррасиҳои мазкур, Ассотсиятсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ин маъракаро як нишонаи қавие дар эътирофи саноати туризм ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд. Натиҷаҳо беҳгардонии фазои соҳибкорӣ дар ин соҳа ва тасмимҳои сиёсии мусоидаткунанда ба рушди соҳаи туризм, эҷоди ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани даромад ва саҳм гузоштан ба буҷаи давлат дар бар мегиранд.


Маълумотнома:

Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (TATO), ассотсиатсияи миллии соҳаи туризм буда, барои дастрасӣ ба шабака, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи туризм имкониятҳо фароҳам меорад. Аз соли 2006 инҷониб, Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ба таври фаъол аъзоёни худро дастгирӣ менамояд, хизматрасонии босифатро пешниҳод мекунад ва дар пешниҳоди маҳсулоти инноватсионӣ ташаббусҳо нишон медиҳад.

Узвият дар Ассотсиатсияи мазкур ба ҳамаи ташкилотҳои соҳаи туризм дар Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои расидан ба ҳадафи рушди бахши туризм дар муҳити озоду аз лиҳози иҷтисодӣ мусоид саҳм гузоранд, кушода аст.

spot_imgspot_img

Популярное