Дар ноҳияи Қубодиён хадамоти оташнишонӣ таъсис дода мешавад.
Муовини сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Саидбек Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корҳои сохтмони бино тариқи «ҳашар» ба роҳ монда шуда, ба он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатӣ сафарбар шудаанд.
Ба қавли ӯ, муддати 20 соли ахир дар ин ноҳия хадамоти оташнишонӣ амал намекард ва барои бартараф кардани ҳодисаҳои сӯхтор кормандони хадамоти оташнишонии ноҳияи Шахритӯс даъват мешуданд.
«Дар заминаи хадамоти оташнишонии оянда 40 адад ҳайати шахсӣ (штат) таъсис дода шуда, айни замон 5 нафар мутахассисонро мо ба кор қабул кардем ва боз ба 35 нафар мутахассиси дигар ниёз дорем», – иброз дошт. С.Аминов.
Номбурда ҳамчунин гуфт, барои ин хадамот Раёсати хадамоти оташнишонии вилоят як автомашинаи махсус ҷудо карда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бино, хадамоти оташнишонӣ боз бо як адад чунин автомашина таъмин хоҳад шуд.



