Боздиди президент аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ташриф оварда, бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ифтитоҳ намуда, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ташриф оварда, бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ифтитоҳ намуда, бо шароити муҳайёгардида бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, дар ин бинои панҷошёна, ки ҳамчунин таҳхона дорад, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпаронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, утоқу толорҳои зебо барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхонаи дорои 250 ҷойи нишаст ҷойгир шудааст.

Дар ошхонаи зебою барҳаво хатнасури хайрияи қариб 90 писарча аз оилаҳои кормандони фавтида, маҷруҳшуда ва ниёзманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шуд. Ба ҳар яки ин дӯстрӯякон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Чунонки зикр гардид, тайи 18 соли фаъолияти ин даста, мутаассифона, 27 нафар кормандони он ба ҳалокат расида, 36 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд ва баъзеяшон маъюб шудаанд.

Чунонки зикр гардид, дастаи мазкур 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз ҳамагӣ 66 нафар дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд. Имрӯз бошад, тамоми шароити зарурӣ барои ин даста муҳайё гардидааст.

Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар муддати 18 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд ва дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо солгарди 18-уми таъсиси ин воҳиди низомӣ ва бо ифтитоҳи бинои наву муҳаёшавии беҳтарин шароити корию хизматиашон табрику таҳният гуфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.