Тақозои ҳукми 28 соли зиндон ба соҳибкор Зайд Саидов

Айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев имрӯз аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми 28 соли зиндон дода шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, суд то субҳи рӯзи 6-уми декабр танаффус эълон кард. Пагоҳ соати 9:00 шоҳидон шунида шуда, ҷониби ҳимоя танҳо ҳафтаи оянда мавқеи худро иброз медорад ва […]


Айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев имрӯз аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми 28 соли зиндон дода шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, суд то субҳи рӯзи 6-уми декабр танаффус эълон кард.

Пагоҳ соати 9:00 шоҳидон шунида шуда, ҷониби ҳимоя танҳо ҳафтаи оянда мавқеи худро иброз медорад ва сипас ба айбдоршаванда сухани охирин дода мешавад.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.