Муроҷиати теннисбозон ба президент оид ба дастгирии З.Саидов

Намояндагони Федератсияи тенниси рӯи мизи ҷумҳурӣ бо мактуби кушод ба президент муроҷиат карда, дахолати ӯ ба тақдири роҳбари Федератсия соҳибкор Зайд Саидовро дархост намуданд. Дар муроҷиат зикр мегардад, ки «хурсандии мо – варзишгаронро ҳадду канор нест аз он, ки Шумо – Ҷаноби Олӣ дар интихоботи навбатӣ бо раъю дастгирии аксарияти мутлақи Мардуми Тоҷикистон аз нав […]

ASIA-Plus


Намояндагони Федератсияи тенниси рӯи мизи ҷумҳурӣ бо мактуби кушод ба президент муроҷиат карда, дахолати ӯ ба тақдири роҳбари Федератсия соҳибкор Зайд Саидовро дархост намуданд.

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки «хурсандии мо – варзишгаронро ҳадду канор нест аз он, ки Шумо – Ҷаноби Олӣ дар интихоботи навбатӣ бо раъю дастгирии аксарияти мутлақи Мардуми Тоҷикистон аз нав ба ҳайси Сарвари Давлат интихоб гардидед, зеро ба туфайли Шумо ба варзиш дар ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад».

Дар муроҷиати худ варзишгарон зикр мекунанд, ки замоне, ки Федератсияи тенниси рӯи мизро соҳибкор Зайд Саидов ба роҳбарӣ гирифт, онҳо дастгириро эҳсос намудаанд.

Дар идома теннисбозон хотиррасон мекунанд, ки «таърихи навини давлатдории тоҷик борҳо гувоҳ ба он гаштааст, ки ба хотири сулҳу амонии ватандорон ва таҳкиму рушди ваҳдати миллӣ бо он дили бузургу замири поку беғашатон аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёриҳо гузаштаед, дар муқобили маҳбусону зиндониёни зиёде афвҳои ҷавонмардонаи зиёде содир кардаед…».

«Раиси Федератсияи теннис рӯи мизи тоҷикистон Зайд Саидов беш аз ним сол мешавад, ки дар маҳбас аст, бо кадомин айбу гуноҳе нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушодаанду зиндониаш кардаанд. Ӯ бо пайгирӣ аз сиёсату назари неки Шумо нисбат ба варзишу варзишгарон мо – теннисбозонро аз ҳар ҷиҳат дастгирию кӯмак мекард», – омадааст дар муроҷиат.

Дар фарҷом варзишгарон зикр кардаанд, ки «гарчанде медонем, ки ин кори тафтишот ва мақомоти қудратии дахлдор аст, вале аз сиёсати пуртараҳҳуму саховатмандона, афву бахшидорона ва дили нарму бузурги Шумо умеду эътимоди кулл дорем, ки аз ин қазия як назари некбинонаи дигаратонро дареғ намедореду мову хоҳишоти моро аз сояи раҳмататон шарафёб мегардонед».

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Мурофиаи судӣ нисбати соҳибкор дар арафаи анҷомёбист. Айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев имрӯз аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов

ҳукми 28 соли зиндон

дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.