Иштирокдорони нишасти СҲШ вориди Душанбе мешаванд

Date:


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иштирокдорони нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) вориди Душанбе мешаванд. Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, ки айни замон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад, ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ба Душанбе омад. Ҳ.Карзай дар нишаст ба сифати меҳмон ширкат хоҳад варзид.




Ба қавли ӯ, ояндаи наздик ташрифи ҳайати Ҳиндустон дар назар аст. Дар нимаи дуввуми рӯз ҳайати давлатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва Муғулистон низ ба Душанбе меоянд.



Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...