Баррасии масъалаи азнавсозии нерӯгоҳи Бойғозӣ дар Кувайт


Рӯзи 3 декабри соли 2013 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Директори генералии Бунёди кувайтӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдулваҳҳоб Албадр доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат рафти татбиқи созишномаҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мавриди муҳокима қарор гирифта, қайд гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи ҳозира дар ҳоли рушд ва густариш қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҳҳои фаъолгардонии ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ гардида, дар ин замина, ҷонибҳо оид ба азнавсозии НБО-и Бойғозӣ, сохтмони роҳи автомобилгарди Кулоб-Қалъаи Хумб ва татбиқи муштараки дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное