Таҷрибаандӯзии вакилони парлумони Тоҷикистон дар Туркия

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов ҷиҳати таҷрибаандӯзӣ аз ҳамтоҳои турки худ дар масъалаи таҳия ва қабули буҷети давлатӣ дар шаҳри Анқара қарор доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Лутфулло […]


Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов ҷиҳати таҷрибаандӯзӣ аз ҳамтоҳои турки худ дар масъалаи таҳия ва қабули буҷети давлатӣ дар шаҳри Анқара қарор доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Лутфулло Саидмуродов, Бег Қурбонов ва Ашӯрбек Расулов шомил мебошанд.

«Дар ҷараёни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси миллии бузург (парлумон)-и Туркия Ирфон Назароғлу масолии табодули таҷрибаи миёни парлумонҳои кишварҳо дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ баррасӣ шуданд», – иброз дошт Султонов.

Ба қавли ӯ, дар доираи сафар вакилони тоҷик ҳамчунин бо раиси Кумитаи умури дохилии парлумони Туркия Мехмет Эрсой низ дидору гуфтушунид анҷом доданд.

Зимнан зикр гардид, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Туркия то рӯзи 8-уми декабр идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.