Фармони президент дар бораи даъвати иҷлосияи ҳарду палатаи парлумон

Чанде қабл президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати иҷлосияи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармон зикр мегардад, ки иҷлосияи ғайринавбатии ҳарду палатаи парлумон рӯзи 16-уми декабри соли 2013 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват […]


Чанде қабл президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати иҷлосияи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармон зикр мегардад, ки иҷлосияи ғайринавбатии ҳарду палатаи парлумон рӯзи 16-уми декабри соли 2013 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Гуфта мешавад, ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.