Боздиди раиси тозатаъини вилояти Суғд аз навоҳии Зафарободу Ғончӣ

Раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сафарҳо ба навоҳии минтақаи шимоли кишвар ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа идома дода, чанде қабл аз навоҳии Зафарободу Ғончӣ боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқоти аввалини худ бо фаъолони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод барои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, […]


Раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сафарҳо ба навоҳии минтақаи шимоли кишвар ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа идома дода, чанде қабл аз навоҳии Зафарободу Ғончӣ боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқоти аввалини худ бо фаъолони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод барои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, рушди соҳибкорӣ ва соҳаҳои кишоварзиву чорводорӣ, инчунин ҳалли як қатор масоили дигар ба роҳбарони ноҳияҳо ва шахсони масъул супоришҳои қатъӣ дод.

Тавре Зуфар Исмоилов, раиси ноҳияи Ғончӣ дар ҳисоботи худ зикр намуд, давоми 10 моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ноҳия беш аз 92 фоиз ва нақшаи қисми давромади буҷети маҳаллӣ 92,4 фоиз иҷро шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаро дастур дод, қи чиҳати таъмини иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ вазъи кишоварзии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. «Вақти он расидааст, ки ҳосилнокии маҳсулотро на танҳо аз ҳисоби зиёд кардани ҳаҷми майдони кишт, балки бо самаранок истифода бурдани замин зиёд намоем», – таъкид намуд, Абдураҳмон Қодирӣ.

Аз ҳадафҳои дигари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли нав ин гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ба хоҷагиҳои хурд ва дар ин замина таъмин намудани дастрасии бештари саҳмдорон ба замин мебошад. Дар ин замина роҳбарияти ноҳия ва раёсати кишоварзӣ муваззаф гардиданд, ки дар мӯҳлати ду моҳ барои таъмини раванди таҷдиди хоҷагиҳои калон чораҳои амалӣ андешанд.

Зимни мулоқоти озод бо сокинони ноҳия Қодирӣ зикр кард, ки соли оянда дар деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби нав бунёд хоҳад ёфт.

Сафари кории роҳбари вилоят дар ноҳияи Зафаробод аз шиносоӣ бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ оғоз ёфт. Айни ҳол корҳои таъмир дар пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл – 1 ва Мирзочӯл – 2 ҷараён доранд. Роҳбари вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки то санаи якуми март пойгоҳҳои обкашии ноҳияро омода намуда, аз озмоиши пешакӣ гузаронанд ва барои мавсими ояндаи кишт тайёр намоянд.

Дар мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони ноҳия бошад, вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи иттилои Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Зафаробод дар 11 моҳи соли равон аз 14 корхонаи саноатии ноҳия, ки 7 ададашро коргоҳҳои коркарди пахта ташкил медиҳанд, ҳамагӣ 30 дарсади иқтидорҳои истеҳсолӣ ба кор бурда шудаанд. Аз ҷумла, корхонаи ҷуроббарории ноҳия бо иқтидори 13 дарсад фаъолият бурдааст. Абдураҳмон Қодирӣ масъулини ширкати барқи тоҷикро дастур дод, ки ҷиҳати фаъолияти бонизом, таъмини бемаҳдуди барқро ба ин корхона ба роҳ монанд.

Вазъи кишоварзии ноҳияи Зафарободро низ роҳбари вилоят мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, махсус таъкид намуд, ки ба ҳосилнокии пахтаю гандум ва истифодаи тухмиҳои босифат таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Ҳамчунин барои ҳалли масоили мавҷуда дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарор намудани хонаи фарҳанг дар ҷамоатҳо, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дар заминаи соли роҳи обод эълон шудани соли 2014 навсозии роҳҳои дохилӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд. Дар зимн зикр гардид, ки соли оянда беш аз 5 километр роҳи марказии ноҳияи Зафаробод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.