Шаҳрванди Тоҷикистон аз марказ барои муҳоҷирони Твер рабуда шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздикӣ бояд ба ватан фиристода мешуд, аз марказ барои будубоши муҳоҷирони ғайриқонунии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Твер рабуда шуд. Бино ба иттилои ВАО-и Русия, панҷ нафар мардон худро кормандони мақомоти пулис муаррифӣ намуда, тариқи зӯроварӣ шаҳрванди Тоҷикистонро аз марказ бо худ бурдаанд. Онҳо ӯро ба автомашина шинонида, ба […]


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздикӣ бояд ба ватан фиристода мешуд, аз марказ барои будубоши муҳоҷирони ғайриқонунии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Твер рабуда шуд.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, панҷ нафар мардон худро кормандони мақомоти пулис муаррифӣ намуда, тариқи зӯроварӣ шаҳрванди Тоҷикистонро аз марказ бо худ бурдаанд. Онҳо ӯро ба автомашина шинонида, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакии далели рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон ва санҷиши тамоми ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса оғоз шудааст.

Мурод Алимуродов, як корманди Раёсати тафтишоти вилояти Твер иброз доштааст, ки шаҳрванди рабудашудаи тоҷик 34 сол дошта, мақоми гурезаро доштааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванди тоҷик аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.