Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории Душанбе

Бо фармонҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти шаҳрдории пойтахт тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, собиқ сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Муним Холиқов сардори шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъин карда шуд. Ба иттилои ӯ, ҳамчунин бо фармони раиси […]


Бо фармонҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти шаҳрдории пойтахт тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, собиқ сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Муним Холиқов сардори шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Ба иттилои ӯ, ҳамчунин бо фармони раиси пойтахт директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев аз вазифааш барканор гардида, ба ҷои ӯ Фирдавсӣ Саидов, собиқ сардори ККВД “Автобус-1”, директори ин корхона таъин гардид

Зимнан зикр гардид, ки Ҷумъахон Давлатов директори нави ККВД «Автобус-1» таъин гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.