Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир , – наза

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси сиёсии тоҷик Саймуддин Дӯстов. Ба қавли ӯ, ҳеҷ кас дар ҷаҳон гуфта наметавонад, ки амалиёти Саакашвилӣ дар Схинвали чорабинии ҷазодиҳӣ набуд, вале […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси сиёсии тоҷик Саймуддин Дӯстов.




Ба қавли ӯ, ҳеҷ кас дар ҷаҳон гуфта наметавонад, ки амалиёти Саакашвилӣ дар Схинвали чорабинии ҷазодиҳӣ набуд, вале ҳатто ин далел низ ба Русия ҳуқуқ намедиҳад, ки дар минтақаи муҳиме барои худ чун Қафқоз ба сифати ҷониби мустақил иштирок намояд.



«Карори Русия дар мавриди посухи қотеъ ба таҷовузгар ва иштироки ӯ дар даргирии мазкур чун ҷониби мустақили низоъ иштибоҳ аст, ки ба манфиатҳои ҳақиқии дарозмуддати миллии кишвараш мухолиф аст, – мӯътақид аст коршинос. – Бо эътирофи истиқлоли

 

ин кишварҳо Русия на танҳо обрӯву нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ аз даст медиҳад, балки он Русияро ба оқибатҳои ногувори иқтисодӣ, аз ҷумла заиф гаштани раванди рушди иқтисодӣ ва барҳадар рафтани кӯшишоти ҳукумати Путин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ мувоҷеҳ хоҳад сохт».



С.Дӯстов таъкид сохт, ки ҷудоихоҳии этникӣ дар қаламрави собиқ империяи Русия ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз омилҳои муҳими сиёсати Русия аст. «Онҳо худашон аксари чунин низоъҳоро ба вуҷуд оварданд ва ахиран онҳо муқобили Русия қарор гирифтанд», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи масъалаи суратгирии вазъи минбаъдаи рӯйдод ва вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба он коршинос зикр кард, ки «ҳар яке аз ин кишварҳои соҳибистиқлоли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Чеченистони худро доранд, ки бархе аз нерӯҳои ғарбӣ ҳатман аз он истифода хоҳанд кард».



«Дар Тоҷикистон низ заминаҳои низоъи этникӣ мавҷуданд, ки дар минтақаи барои русҳо муҳими Осиёи Марказӣ метавонанд дарди сари навбатии Русия шаванд», – гуфт дар анҷом коршиноси тоҷик.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.