Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории Душанбе


Бо фармонҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти шаҳрдории пойтахт тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, собиқ сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Муним Холиқов сардори шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Ба иттилои ӯ, ҳамчунин бо фармони раиси пойтахт директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев аз вазифааш барканор гардида, ба ҷои ӯ Фирдавсӣ Саидов, собиқ сардори ККВД “Автобус-1”, директори ин корхона таъин гардид

Зимнан зикр гардид, ки Ҷумъахон Давлатов директори нави ККВД «Автобус-1» таъин гардид. 

spot_imgspot_img

Популярное