Рӯзҳои 3-4-уми декабри соли 2013 дар ш.Париж Конфронс таҳти унвони “Авруосиё ва Аврупо: ҳамкорӣ ҷиҳати пешбурди фарҳанги сулҳ ва рушди инсонӣ” зери сарпарастии муштараки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва Федератсия барои сулҳи умум баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Федератсия барои сулҳи умум – ин ташкилоти ғайридавлатии байналмилалист, ки дар Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОС ООН) мақоми машваратӣ дорад. Ин созмон иттиҳоди ташкилотҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар мегирад, ки дар бунёди сулҳ дар саросари ҷаҳон ҷиҳати таъмини озодӣ ва ҳамзистии мутаносиб саҳм мегузоранд.
Дар конфронс зиёда аз 300 нафар – намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳон – сиёсатшиносон, олимон, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пажуҳишгоҳҳо ва марказҳо, журналистон ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев баромад намуда, китоби «Меъмори сулҳ» («Архитектор мира», “The Architect of Peace”) оид ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишварро муаррифӣ намуд. Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин иттилоъ дод, ки китоб бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ моҳи сентябри соли 2012 дар Брюссел нашр шуда буд.
Дипломати тоҷик оид ба аҳамияти байналмилалии таҷрибаи Тоҷикистон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон, оид ба зарурат ва муҳимияти қабули ин намуна ҷиҳати ҳалли муноқиша дар дигар минтақаҳои ҷаҳон махсус қайд намуд. Ӯ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки модели дастовардҳои сулҳи Тоҷикистонро бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва САҲА беҳамто эътироф кардаанд. Сафир Р. Солиев имконияти ҳалли мушкилоти Афғонистон тавассути татбиқи модели танзими муноқишаи байни тоҷикон, барқарории сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ ишора намуд.
Дар конфронс ҳамчунин Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода баромад намуд. Ӯ муфассал доир ба моҳият ва мазмуни китоби «Меъмори сулҳ» нақл кард. Аз ҷумла, муаллифи китоб қайд намуд, ки дар солҳои душвори ҷанг Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ камолот ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро бо азамати шахсии худ ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ ба ҳайрат гузошт. «Шаҳодати рӯшани хирадмандӣ ва дурандешии Эмомалӣ Раҳмон дастоварди сулҳ ва ризоият миёни ҷонибҳои ҷанг, муттаҳид намудани ҷомеаи тоҷикон ба хотири ояндаи дурахшон буд, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун зуҳуроти сиёсии беназир ва фавқулода нақш бастааст. Ҷомеаи Тоҷикистон бошад, ояндаи худро дар корнома ва фидокориҳои самимонаи роҳбари худ, роҳбарии мақсадҳои олӣ ва барномаҳои воқеии Президенти худ, ки амалиашон оғоз шудааст, мебинанд», – зикр намуд А. Шарифзода.
Дар конфронс ҳамчунин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ва мудири шӯъбаи таърихи нави Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокдорони конфронс ҳамдилона ба як фикр омаданд, ки моҳият ва асоси дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро корномаҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои олии миллии ӯ, лоиҳаҳо ва барномаҳои тақдирсоз ва муассир ташкил медиҳанд, ки ба рӯҳи миллат ҳаёти нав бахшида, ҳисси ифтихор ва шарафи миллиро бедор намуданд ва дар сатҳи сиёсати давлатӣ тамоми имконот ва таҳкурсиро барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон бунёд карданд.



