Мулоқоти Э.Раҳмон ва Ху Тсинтао дар «Кохи Миллат»

           Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон дар «Кохи Миллат» мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Сипас гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт, ки аз рӯи натиҷаҳои он сарварони кишварҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Чинро дар бораи […]

Аваз Юлдошев


           Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон дар «Кохи Миллат» мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Сипас гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт, ки аз рӯи натиҷаҳои он сарварони кишварҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Чинро дар бораи рушди минбаъдаи муносиботи ҳаҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.





           

Интизор меравад, ки вазирони умури хориҷии кишварҳо Барномаи ҳамкории миёни давлатҳоро дар солҳои 2008-2013 ба имзо расонанд. Ҳамчунин як қатор асноди ҳамкории байниҳукуматӣ, аз қабили Созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата ва пешгирии дасткашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, Созишномаи алоқаи байнулмилалии нақлиётӣ, Созишномаи ҳамкории ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки содироту воридоти Тоҷикистон низ ба тасвиб хоҳанд расид. Тасвиби Созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Бонки рушди Чин низ дар назар аст.



Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.