Тавсияҳои Институти ҳуқуқи башар оид ба ислоҳот дар қонуни касби ҳуқуқшиносӣ



International Bar Association’s Human Rights Institute

(IBAHRI) [Институти ҳуқуқи башар дар назди Коллегияи байналмилалии адвокатҳо (ИҲБКБА)] тавассути назари коршинос, ки имрӯз чоп шудааст, кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои ислоҳоти Қонуни марбут ба касби ҳуқуқшиносӣ дастгирӣ намуда, тавсияҳои худро барои беҳтар намудани пешнависи қонуни ҷорӣ дар бораи адвокатура ва коллегияи адвокатҳо пешниҳод мекунад.

Дар иттилоияи ташкилот зикр мегардад, ки IBAHRI тавсия мекунад, ки дар “

Пешнависи


Қ


онуни


Ҷ


ум


ҳ


урии То


ҷ


икистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти


ҳ


у


қ


у


қӣ

” тарҳи пешниҳодӣ дар бораи таъсиси Комиссияи тахассусӣ, ки дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, ба танзими соҳаи ҳифзи ҳуқуқ масъул хоҳад буд, таҷдиди назар шавад. Пешнависи Қонун аз ҷониби яке аз ҷонишинҳои Вазорати адлия роҳбарӣ шудани Комиссияи мазкурро пешниҳод мекунад. IBAHRI бинобар дар муқаррароти пешнавис номуайян будани робитаи байни Вазорат ва Комиссия изҳори нигаронӣ менамояд ва аз ин рӯ касби ҳуқуқшиносӣ осебпазир ба дахолати иҷроия боқӣ мемонад.

Баронесса Ҳелена Кеннеди ММ (Мушовири Малика) [Baroness Helena Kennedy QC], Раиси Муштараки IBAHRI, шарҳ дод, ”Назари коршиноси IBAHRI дар натиҷаи машварат ва пажӯҳиши густурда дар кишвар мураттаб гардид. Мо аз кӯшишҳои пешгирифташуда барои тақвияти Қонуни марбут ба касби ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон илҳом гирифта, умедворем, ки назари коршиноси мазкур ҷараёни ислоҳотро бештар дастгирӣ менамояд.” Ӯ афзуд, “Нақши Комиссияи тахассусӣ муҳим хоҳад буд, зеро ин комиссия масъули муайян намудани қароре хоҳад буд, ки кӣ метавонад ба касби ҳуқуқшиносӣ ворид ё аз он хориҷ шавад. Бино бар ин, хеле зарур аст, ки ин ҳайат ба таври мустақил бо дахолати ҳадди ақали ҳокимияти иҷроӣ битавонад фаъолият кунад. IBAHRI қатъиян тавсия менамояд, ки ба Пешнависи Қонун ислоҳ ворид карда шавад, то ин ки ҳайати мазкур аз салоҳияти Вазорати адлия берун бурда шуда, дар шакли коллегияи нави мутаҳҳиди адвокатҳо, тавре ки дар Пешнависи Қонун пешниҳод шудааст, муқарарар гардад ва мустақилияти худро ҳифз намояд.”

Моддаи дигари Пешнависи Қонун, ки боиси нигаронии IBAHRI аст, санҷиши нави ихтисосӣ мебошад. Мувофиқи талаботи он ҳамаи шахсоне, ки мехоҳанд ба сифати адвокат (вакили мудофеъ) дар Тоҷикистон кор кунанд, бояд санҷиши нав супоранд. Онҳое, ки “мақоми адвокат”-ро бо роҳи қонунӣ касб накардаанд, бояд дубора санҷиши тахассусӣ супоранд. Корбурди ин амалия тавассути бозбинии сартосарии ниҳоди ҳуқуқӣ ба назари коршиноси IBAHRI иқдоми ғайримутаносибест, ки боиси сӯиистифода аз ин ҷараён мегардад.

Стернфорд Моё [Sternford Moyo], Раиси Муштараки IBAHRI, гуфт, “Барои касби ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ин марҳилаи хубест, зеро ислоҳоти ҷории ҳуқуқӣ барои тақвияти фаъолиятнокии ин соҳа тавассути таъмини сифат ва мустақилияти он имконияти пурарзише фароҳам месозад. Ҳимояи мустақилияту ҳуқуқи вакилони мудофеъ дар сархати ваколатномаи IBAHRI қарор дошта, тавсияҳои баёншуда дар назари коршинос барои дастгирии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки чунин ислоҳотҳои ҳуқуқиро амалӣ мекунанд, пешбинӣ шудаанд.” Ӯ афзуд, “IBAHRI ҳадафи беҳтар кардани сифати адвокатҳоро тавассути ҷорӣ намудани ҷараёни санҷиш, ки стандарти вуруд ба касбро эҷод хоҳад кард, қайд менамояд. Бо вуҷуди он, IBAHRI ислоҳи Пешнависи Қонунро тавсия мекунад, то кафолат дода шавад, ки санҷиши нави тахассусӣ гузаштанигар (ретроспективӣ) нест. Мо инчунин ҷорӣ намудани барномаҳои бештари таълимии ҳуқуқии пайвастаро барои беҳтар кардани сифати касби ҳуқуқшиносии тоҷик пешниҳод менамоем.”

Июни соли 2013 – Директори IBAHRI, Филипп Таҳминдҷис [Phillip Tahmindjis] ва ҳуқуқшиноси Барнома Надя Ҳардмен [Nadia Hardman] ба шаҳри Душанбе, Тоҷикистон барои муайян кардани ҳудуди талаботҳои коллегияи адвокатҳои тоҷик ташриф оварданд. Ин сафари ҳайати фиристодагон бо дархости коллегияҳои маҳаллӣ барои шиносоӣ бо масъалаҳои таҳдид ба мустақилияти касби ҳуқуқшиносии тоҷик ташкил шуда буд.

IBAHRI бо доираи васеи шахсони манфиатдор, аз ҷумла намояндагони ҳамаи шаш коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон (Коллегияи ҷумҳуриявии адвокатҳо, Иттиҳоди адвокатҳои вилояти Суғд, Коллегияи Миллии адвокатҳои Тоҷикистон (СИПАР), Коллегияи адвокатҳои Хатлон, Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва Коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд); Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуният; Ҳайъати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон; Маркази ҳуқуқи башар; Коллегияи адвокатҳои амрикоӣ; сафорати Британияи Кабир дар Душанбе; Маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Институти “Ҷомеаи кушода”; Дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Лоиҳаи Дастрасӣ ба адолати Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳҳид вохӯрд.

Сентябри соли 2013 – IBAHRI барои пешкаш намудани Назари коршинос ва ташкили мубоҳисаҳо бо шахсони манфиатдори калидӣ ба шахри Душанбе баргашт.

Ноябри соли 2013 – Дар санаи 6 ноябри соли 2013 Интхоботи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон барои давраи дигари 7-сола дубора президент интихоб гардид.

Декабри соли 2013 – Пешнависи Қонун дар бораи адвокатура ва коллегияи адвокатҳо таҳти баррасии Парламенти Тоҷикистон қарор дорад. Тасвиби Қонун то охири соли 2013 ба назар гирифта шудааст. Ҳарчанд, санаи дақиқи тасвиби он муайян нест.


International Bar Association

(IBA) [Коллегияи байналмилалии адвокатҳо (КБА)] соли 1947 таъсис ёфтааст, ташкилоти пешбари мутахассисони ҳуқуқшинос, коллегияи адвокатҳо ва ҷамъиятҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тавассути узвияти умумиҷаҳонии адвокатҳои инфиродӣ, ширкатҳои ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатҳо ва ҷамъиятҳои ҳуқуқӣ он ба пешрафти ислоҳотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таъсир мерасонад ва ояндаи соҳаи ҳуқуқиро дар саросари ҷаҳон муайян мекунад.

Дафтари идории IBA дар шаҳри Лондон ҷойгир аст. Дафтарҳои минтақавӣ дар шаҳри Сао Пауло, Бразилия; шаҳри Сеул, Кореяи Ҷанубӣ ва шаҳри Вашингтон, ИМА ҷойгиранд, дар ҳоле ки фаъолияти Барномаи байналмилалии додгоҳи ҷиноии IBA аз дафтари воқеъ дар шаҳри Гаага идора мешавад.

IBA’s

Human Rights Institute

[Институти ҳуқуқи башар дар назди] барои тараққӣ, ҳимоят ва риояти ҳуқуқи башар дар ҷаҳорчӯби волоияти қонуният ва ҳифзи мустақилияти системаи судӣ ва касби ҳуқуқшиносӣ дар саросари ҷаҳон кор мекунад. 

spot_imgspot_img

Популярное