Сарфаи 6,5 млн. $-и аҳолӣ тавассути низоми «Онлайн»-и фурудгоҳ

Низоми нави иттилоотие, ки моҳи марти соли 2012 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳандозӣ гардид, дар реҷаи «Онлайн» ба шаҳрвандон бобати иҷоза ё манъ будани вуруд ба  Федератсияи Россия маълумот медиҳад. Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, агар соли гузашта ба шӯъбаи мазкур 15 027 мусофир муроҷиат намуда, ба 1029 нафар манъ будани […]

ASIA-Plus


Низоми нави иттилоотие, ки моҳи марти соли 2012 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳандозӣ гардид, дар реҷаи «Онлайн» ба шаҳрвандон бобати иҷоза ё манъ будани вуруд ба  Федератсияи Россия маълумот медиҳад.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, агар соли гузашта ба шӯъбаи мазкур 15 027 мусофир муроҷиат намуда, ба 1029 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Россияро дода шуда бошад ва эҳтимолан ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа шуда бошад, имсол аз ибтидо то 30.11.2013 ба шӯъбаи иттилоъдиҳӣ 77 121 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат кардаанд, аз ин шумора ба 8 659 нафар бобати манъ будани вуруд ба қаламрави ФР маълумот дода шудааст, ки дар навбати худ эҳтимолан 6 481 960 доллари амрикоии маблағҳои шаҳрвандони кишвар сарфа карда шудааст.  

Ба қавли ӯ, дастрас намудани маълумоти саҳеҳ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти муҳоҷирати кишварҳои Тоҷикистон ва Россия имконпазир гардид. «Хубии кор дар он аст, ки нафарони вурудашон ба қаламрави Россия манъ буда иттилои пешакӣ гирифта аз сафарҳои бебарор худдорӣ намуда, хароҷоти зиёдатии буҷаи хонаводагиро пешгирӣ менамоянд», – иброз дошт Шодиев. 

Зимнан зикр гардид, ки соли равон адади муроҷиаткунандагон ба маротиб зиёд шудааст ва ҳар як шаҳрванд пеш аз харидории чиптаи ҳавопаймо донистан мехоҳад, ки иҷозаи вуруд ба қаламрави ФР дорад ё не. «Зиёдшавии муроҷиаткунандагонро бахше аз коршиносон агар ба тадбирҳои берунсозии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ФР нисбат диҳанд бархеи дигар ба фаъол шудани шаҳрвандон ва баланд шудани савияи донишҳои ҳуқуқии онҳо нисбат медиҳанд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.