Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ахири моҳи ноябр дар шаҳри Брюссел доир гардида буд, акнун собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз он гиламанд шуд, ки Ӯзбекистон ҳеҷ кадоме аз ташхисҳои байнулмилалии марбут ба мушкилоти обро эътироф намекунад. Дар ин бора торнамои
Maxala.org
хабар медиҳад.
Зимни ҷаласаи мазкур сафири Ӯзбекистон Владимир Норов зарурати ташхиси нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ дар кишварҳои болообро таъкид намуда, изҳор кардааст, ки ҳарчанд маблағи ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пардохта шавад ҳам, он таҳти назорати ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, наметавонад воқеъбинона бошад. Доир ба сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота ва маҷмӯи силсиланерӯгоҳҳои Қамбарота ва Роғун низ ӯ назари манфӣ баён намуда, зикр кард, ки онҳо ба муҳити зист, вазъи экологӣ, истифодаи об ва обёрӣ дар кишварҳои поёноб таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар навбати худ, он замон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ посух дод, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун пас аз талаботи ҳукумати Ӯзбекистон оғоз гардида, барои ташхиси бештар шаффоф Тоҷикистон ба СММ ва Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кард. Бонки ҷаҳонӣ тариқи тендер коршиносони мустақилро интихоб намуда, Тоҷикистон ба ҷараёни ташхис дахолат намекунад.
«Чанд сол қабл Ӯзбекистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Зарафшон садо баланд кард. Бо назардошти мавқеи кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон ба мутахассисони олмонӣ муроҷиат намуда, хулосаи ташхиси онҳо мусбат арзёбӣ шуд, вале бо сабабҳои номаълум Ӯзбекистон натиҷаҳои ин ташхисро эътироф намекунад. Пас Тоҷикистон чӣ гуна бояд ташхис анҷом диҳад, то ки Ӯзбекистон онро эътироф намояд?», – изҳор дошта буд Зарифӣ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин зикр карда буд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун механизм ва низоми обёрии минтақаро беҳтар намуда, ба истифодаи сарфакоронаи об шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар робита ба масъалаи интиқоли гази табиӣ ва аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон имкон надодани интиқоли он ҳатто аз дигар кишварҳо, сафири Ӯзбекистон Норов иброз дошт, ки «Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бо нархи паст газ фурӯхта наметавонад». Ҳамрохон Зарифӣ посух дод, ки «мо ба харидани газ бо нархҳои ҷаҳонӣ омодаем» ва Норов сипас гуфт, «газ ҳатто ба худи мо ҳам кофӣ нест».
Зимни ибрози андеша атрофи масъалаи ҳузур надоштани Ӯзбекистон дар ҷаласаҳои бахшида ба ташхиси нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла дар Алмаато, Норов зикр кард, ки Ӯзбекистон барои он дар вохӯрии Алмаато иштирок накард, ки ба надешаи онҳо, Қазоқистон ба рӯдхонаи Амударё ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳеҷ муносибате надорад.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов Ӯзбекистонро ба монеъа эҷод сохтан ҷиҳати таъмини мунтазами Қазоқистон бо об гунаҳкор карда, иброз дошт, ки Тошканд оби харидашуда аз Қирғизистон ба ивази нерӯи барқро медуздад ва аз ин рӯ, ба Қазоқистон аз ҳаҷми мувофиқашуда камтар об мерасад.
Ба гуфтаи Е.Идрисов, Қазоқистон як қисмате аз минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба ҳалли мусбати тамоми мушкилоти минтақа манфиатдор аст. Ӯ аз Тошканди расмӣ даъват ба амал овард, ки бо ҳамаи кишварҳои минтақа ҳамкорӣ кунад.
«Чаро Тошканд иштирок дар 5 брифинги бахшида ба ташхиси лоиҳаи Роғунро рад кард? Пас аз эътирозу норозигии Ӯзбекистон нисбати сохтмони нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон ба СММ ва Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Пас Тоҷикистонро боз чӣ кор мебояд кард? Чаро Ӯзбекистон Конвенсияҳои СММ-ро ҳамчун як муште алайҳи Тоҷикистону Қирғизистон истифода карда, худаш нисбати Қазоқистон ба сифати кишвари болооб ҳеҷ яке аз бандҳои ин конвенсияҳоро иҷро намекунад?», – зикр карда буд Идрисов.



