Тоҷикистону Чин реҷаи кори гузаргоҳи «Қулма»-ро тасдиқ мекунанд

Тоҷикистону Чин реҷаи равуои нақлиёти автомобилӣ тариқи гузаргоҳи «Қулма» (ВМКБ) дар марзи ҳарду кишварро тасдиқ мекунанд. Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» аз соли 2012 муддати тамоми сол амал мекунад, аммо бинробар сабаби номусоидии обуҳаво, Чин тасмим гирифтааст, ки реҷаи тағйирёбандаи равуои нақлиёт тавассути ин гузаргоҳро […]

Заррина Эргашева


Тоҷикистону Чин реҷаи равуои нақлиёти автомобилӣ тариқи гузаргоҳи «Қулма» (ВМКБ) дар марзи ҳарду кишварро тасдиқ мекунанд.

Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» аз соли 2012 муддати тамоми сол амал мекунад, аммо бинробар сабаби номусоидии обуҳаво, Чин тасмим гирифтааст, ки реҷаи тағйирёбандаи равуои нақлиёт тавассути ин гузаргоҳро муқаррар намояд.

«Таҳияи реҷаи корӣ маънои манъи ҳаракати нақлиётро надорад, лекин дар роҳ эҳтиёткор мебояд буд. Дар сурати пеш омадани мушкилот оид ба интиқоли молу коло ба Тоҷикистон ё транзит тавассути кишвари мо, он ба Тоҷикистон тавассути роҳи Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон расонида мешавад. Кормандони Вазорати нақлиёти ҶТ айни замон дар гузаргоҳи «Қулма» қарор дошта, бо ҳамтоҳои чинии худ реҷаи кори гузаргоҳ барои соли ояндаро таҳия мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Гузаргоҳи «Қулма» дар баландии ҳудуди 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, бо фарорасии зимистон ба иллати номусоидии обуҳаво то баҳори соли оянда баста мешуд, вале аз соли 2012 равуо тариқи ин гузаргоҳ муддати тамоми сол ба роҳ монда шуд. Ҳамасола ин гузаргоҳро ба ҳисоби миёна 10-11 ҳазор адад автомашинаҳо убур мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то соли 2203 ҳаҷми муомилаоти молии солона миёни Тоҷикистону Чин ба ҳисоби миёна аз 30 млн. $ зиёдтар намешуд, вале пас аз ифтитоҳи гузаргоҳи «Қулма» пас аз 4 сол ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин тавассути роҳҳои автомобилгард таъмин мешавад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ба 540,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки 77,9 млн. $ ба содирот ва 462,5 млн. $ ба воридот рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.