Боздошти аъзои боз ду гурӯҳи нашъаҷаллоб аз ҷониби кормандони КДАМ

Дар натиҷаи амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои боз ду гурӯҳи нашъаҷаллобон, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ машғул буданд, боздошт шуданд. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, […]

Аваз Юлдошев


Дар натиҷаи амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои боз ду гурӯҳи нашъаҷаллобон, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ машғул буданд, боздошт шуданд.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, сарвари ширкати «Мадинаи мунаввара» ҳоҷӣ Далер Гадоев, сокини 49-солаи ноҳияи Дарвоз, собиқ хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ Маҳмудбек Мирзоев ва сокини 49-солаи ҳамин ноҳия, соҳибкор Давлатбек Акурзабеков боздошт шудаанд.

«Дар ноҳияи Дарвоз онҳо бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Мулло маслиҳат карда, аз ӯ 19 кило маводи мухаддири ҳашиш мехаранд ва «бор»-ро ба пойтахт меоранд. Онҳо бо далели шайъӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шуданд», – гуфтанд дар КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар дар ноҳияи Панҷ сурат гирифта, дар ҷараёни он низ ҳудуди 19 кило маводи мухаддири бангдона мусодира шудааст.

«Гурӯҳи қочоқбарони афғон бо як миқдор маводи нашъаовар тариқи қаиқи худсоз дарёи Панҷро убур намуда, ба амри марзбонон дар бораи бозистодан итоат накарданд. Шаҳрванди Афғонистон Ҳоҷӣ Акбар валади Ҷӯра дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, ҳаммаслаки ӯ Кароматулло валади Муҳаммадсуяк боздошт гардид», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.