Занони «исёнгар» ба вохӯрӣ бо Зойиров ҳозир нашуданд

Занони аз ҷониби раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров имрӯз ба вохӯрӣ даъватшуда, ки рӯзи 9-уми декабр ба баргузории брифинги ӯ монеъа эҷод сохта буданд, вақти таъиншуда ба мулоқот ҳозир нашуданд. Танҳо чанде аз журналистон даъвати Зойиров тариқи шабакаҳои иҷтимоиро пазируфта, ҳамроҳи раҳбарияи ҲСДТ тӯли як соат занони «исёнгар»-ро интизорӣ доштанд, вале аз онҳо дарак нашуд. Зоийров […]

ASIA-Plus


Занони аз ҷониби раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров имрӯз ба вохӯрӣ даъватшуда, ки рӯзи 9-уми декабр ба баргузории брифинги ӯ монеъа эҷод сохта буданд, вақти таъиншуда ба мулоқот ҳозир нашуданд.

Танҳо чанде аз журналистон даъвати Зойиров тариқи шабакаҳои иҷтимоиро пазируфта, ҳамроҳи раҳбарияи ҲСДТ тӯли як соат занони «исёнгар»-ро интизорӣ доштанд, вале аз онҳо дарак нашуд.

Зоийров ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ба занон имкони охирини баррасии амалашон сари мизи гуфтушунидро пешниҳод карданӣ буд, аммо онҳо даъватро нодида гирифтанд ва акнун ӯ

бо ариза ба Прокуратураи генералӣ

муроҷиат мекунад.

Раиси ҲСДТ бар ин назар аст, ки бо ин амалашон занон нисбати журналистон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳурматӣ зоҳир карданд, вале мақсади эътирози онҳо то ҳанӯз ҳам барои созмондиҳандагони брифинг ва ҳам журналистони ҳузурдошта номаълум боқӣ монд.

Дар аризаи зуд Раҳматилло Зоийиров аз Прокуратураи генералӣ ошкор кардани аз ҷониби кадом сохтор идора шудани «гурӯҳи махсуси сайёри занон»-ро, ки чанде аз онҳо дар гирдиҳамоии назди сафорати ИМА низ ҳузур доштанд, тақозо хоҳад кард. «Ба вохӯрӣ ҳозир нашудани онҳо аз ҷониби кадом як сохторе ташкил шудани онро собит месозад», – афзуд раиси ҲСДТ.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.