Тавсияи БМТ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд бобати коҳиши фоизи қарзҳо

«Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он», – чунин ном дошт мавзӯи мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо масъулини Ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки 12 декабри соли равон баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорони он аз бурду бохти ташкилотҳои номбурда сухан ронда, изҳор […]

ASIA-Plus


«Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он», – чунин ном дошт мавзӯи мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо масъулини Ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки 12 декабри соли равон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорони он аз бурду бохти ташкилотҳои номбурда сухан ронда, изҳор доштанд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият доранд. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ раванди зиёд шудани ҷалби амонатҳо, сармояи онҳо мушоҳида гардида, доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд васеъ шуда, шумораи онҳо афзуда истодааст. Соли гузашта бошад, якчандтои онҳо ба гирифтани баҳои баланди ташкилотҳои байналмилалӣ сазовор гаштанд.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар ин қисмати фаъолияти бонкӣ, на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз он ҷумла дар бахши ҷалби амонатҳо ба таври зарурӣ истифода бурда мешаванд. Баъзе ташкилотҳое низ ҳастанд, ки ҳисоботҳои молиявии худро сари вақт пешниҳод наменамоянд ё дар раванди омода намудани онҳо ба беаҳамиятӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба хатогиҳо оварда мерасонад.

Зимни мулоқоти судманд ба роҳбарони ташкилотҳои номбурда тавсия дода шуд, ки оид ба паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда кӯшиш намоянд ва шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои хурдро дар назди муштариён таъмин кунанд.

Роҳбарони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар кардани кори ташкилотҳояшон, оиди захираҳои ҳатмӣ, суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ ва ғайра пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.