Муддати 7 соли оянда ИА ба Тоҷикистон 250 млн. евро маблағ ҷудо мекунад

Санаи 12-уми декабри соли равон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патритсия Флор баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни суҳбат доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, […]

ASIA-Plus


Санаи 12-уми декабри соли равон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патритсия Флор баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни суҳбат доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, инчунин вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мусоҳибон доир ба лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, табодули афкор намуданд. Хусусан қайд карда шуд, ки мувофиқи барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 250 миллион Евро ҷудо карда мешавад, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот амалӣ хоҳанд гашт.

Ҳар як ҷониб назари худро доир ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон ва инчунин тарзи пешгирии таҳдидҳо ба амну суботи минтақавӣ баён намуданд.

Зикр карда шуд, ки гузаронидани давраи дуюми Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, ки моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, айни муддаост.

Хонум Флор қайд сохт, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд меёбанд ва Иттиҳоди Аврупо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамояд.

Дар навбати худ, Сироҷидин Аслов ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ, ки ба ислоҳоти соҳаи маориф, волоияти қонун, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон равона гардидааст, миннатдорӣ баён намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.