Ҷамъоварии беш аз 900 ҳазор тонна гандум дар соли равон

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, соли равон дар Тоҷикистон 1 млн. 355 ҳазору 371 тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 187,4 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии зироати ғалладона дар соли равон ба андозаи 116% аввали моҳи декабр ба иҷро расида, вале […]

Заррина Эргашева


Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, соли равон дар Тоҷикистон 1 млн. 355 ҳазору 371 тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 187,4 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии зироати ғалладона дар соли равон ба андозаи 116% аввали моҳи декабр ба иҷро расида, вале ҳисобу китоби ҳосили ҷамъоваришуда то ҳанӯз идома дорад.

Ба иттилои мнабаъ, соли равон дар Тоҷикистон 962 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 156 ҳазору 431 тонна тонна зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, нақшаи ҷамъоварии гандум 119,4% иҷро шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки имсол дар майдони 297 ҳазору 5691 гектар зироати ғалладона кишт шуда буд. Ҳосилнокии зироати ғалладолна дар соли равон 29,4 сентнер аз як гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 сентнер зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.